Ҳавои баҳорӣ дар пойтахт: раъду барқ ва боридани борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар  назар аст. Ҳаво  шабона 10-12  ва рӯзона 19-21  дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво пас аз барфу боронҳо: дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона   11-16  дараҷа  гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 9-14  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   4-9 ва  дар мавзеи Булункӯл 14-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво 2-7 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл   то 2-4  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 8-13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14  ва рӯзона 22-27  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  6-11  ва   рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад.