Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда се кӯҳнаварди ноболиғро наҷот доданд

Се ҷавонписар, ки ду нафари онҳо ноболиғони 12-13 сола будаанд, хостаанд ба баландии кӯҳ боло шаванд, вале баъдан натавонистаанд мустақилона поин фароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik.  Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, се ҷавонписари сокини ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро аз болои кӯҳ поин оварда онҳоро наҷот доданд.

Дар соли гузашта КҲФ Тоҷикистон 150 нафарро наҷот дод

Бино бар иттилои манбаъ,  рӯзи 25-уми марти соли равон ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занги телефонӣ расид, ки дар он сокини ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ғайб задани фарзандлонаш дар кӯҳ хабар дод.

“ Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии ӯ низ посухе аз онҳо намерасад. Онҳо ба кӯҳ рафтанду то ҳол барнагаштанд”, - таъкид намуд манбаъ.

Пас аз дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса рафта бачаҳои ин занро пайдо карданд. Маълум шуд, ки онҳо дар баландии 80-100 метр мавзеъи куҳӣ ҷой гирифтаанд ва ин макон дар наздикии рустои Иғони ноҳияи Данғара мебошад. 

“Се ҷавонписар, ки ду нафари онҳо ноболиғони 12-13 сола будаанд, хостаанд ба баландии кӯҳ боло шаванд, вале баъдан натавонистаанд мустақилона поин оянд”, - қайд намуд манбаъ. 

Наҷотдиҳандагон моҳигирро наҷот доданд

Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ онҳоро аз болои ба поин оварданд.

Дар иртибот ба ҳамин рӯйдод КҲФ ба сокинон хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои бехатарии кӯҳбароӣ ва сайругашт дар мавзеъҳои куҳиро риоя намоянд.

“Агар шумо мехоҳед кӯҳ бароед, пас бо худ ҳатман телефоне гиред, ки фаъол бошад, либосҳои гарм дошта бошед, чун баландиҳо ҳоло ҳам ҳавои сард доранд, ҳамчунин бо худ гирифтани об ва ғизо басо зарур аст”,- афзудааст манбаъ.