ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазорати умури дохолаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори рӯзи 22 март дар Бохтар гузориш додааст.
Гуфта мешавад, дар пай садама марди 54-сола ба ҳалокат расид.
"22.03.с.2019 тахминан соати 20:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Фирдавс Сафаралиевич соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Наврӯз, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти маркази шаҳр, дар назди беморхонаи ба номи “Давои”-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад", - таъкд мекунад манбаъ.
Дар натиҷа Фирдавс Мирзоев пиёдагард, Назиров Эмомалӣ Кабирович соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Айнӣ-ро пахш намудааст.
Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ба номи “Б.Воҳидов” ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳодисаи рӯхдода тафтишот идома дорад.