Талаботи нави Тоҷикистону таъини мудири дигари чинӣ дар “Покрӯд”

Ширкати чинии “China Nonferrous Gold Limited”, ки ба истихроҷи тилло дар кони “Покрӯд”-и Тоҷикистон машғул аст, аз таъини мудири нави молиявӣ дар ширкат хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Тибқи иттилоияи “China Nonferrous Gold Limited”,  Фенг Делин мудири нави молиявии ин ширкат таъин шуд.

Тоҷикистон аз ширкати чинӣ хостори афзоиши тавлиди тилло шудааст

Дар иттилоияи ширкат таъкид шудааст, ки Фенг Делини 48-сола, таҷриби хуб дар бахши молия ва саноат дошта, соҳиби ду диплом дар умури идораи тиҷорӣ ва ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Таъини мудири молиявии нав дар “China Nonferrous Gold Limited”, соҳиби сад дарсади саҳмияҳои корхонаи “Покрӯд” дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Заробиддин Файзуллозода, вазири саноату технологияҳои нави Тоҷикистон аз ин ширкат фаъолияти беҳтар тақозо кард.

Ба иттилои Вазорати саноат, Файзуллозода аз масъулини “Покрӯд” хост, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вазири тоҷик инчунин ба сармоягузорони чинии “Покрӯд” барои бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, риоя намудани техникаи бехатарӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва риояи қонунгузории Тоҷикистон дастур додаст.

Соли 2019 корхонаҳои нави тавлиди тилло ва ҷавоҳирот фаъол мешаванд

Аввали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон саноати истихроҷро таҳлил карда, изҳор дошта буд, ки маъодини кишвар, ё худ қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷ бе коркарди ниҳоӣ содир мешаванд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд.