Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ба иғво роҳ додед: Жээнбеков барои таниши марзӣ бо Тоҷикистон марзбононашро танбеҳ дод

Роҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков таъкид кард, ки марзбонон бояд ҳама гуна ҳодисаро саривақт пешгирӣ кунанд ва ба иғво роҳ надиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мақомоти қудратии Қирғизистонро барои камбудӣ дар пешгирии таниши марзӣ дар марз бо Тоҷикистон танбеҳ дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.

"Президент фаъолияти мақомоти қудратиро барои роҳ додан ба камбудиҳо дар корҳои пешгирикунанда бо аҳолӣ танқид кард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Жеенбеков таъкид кардааст, ки осоиштагӣ ва сулҳ аз субот дар марз вобаста аст.

"Ҳама гуна вақеаро бояд саривақт пешгирӣ кард ва тамоми масъалаҳоро якҷо бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ баррасӣ кунеду ба фитна роҳ надиҳед", - гуфтааст Жээнбеков.

Қирғизистон дар пайи таниши марзӣ 7 парвандаи ҷиноӣ боз кард

Ба қавли раисҷумҳур, марзбонон  натанҳо салоҳияти ҳарбӣ доранд, балки бояд бо аҳолӣ ва қувваҳои марзбонии ҳамсоякишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда тавонанд.

Дар пайи ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  13-14 март  март ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар изҳоротҳояш дар пайи ин қазия шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишварро дар дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ муҷрим хонд.

"Сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид", - гуфта мешуд дар изҳороти КДАМ.

Ноиби сарвазири Қирғизистон: роҳи Оқсой – Тамдиқ аз мост ва онро хоҳем сохт

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш созиш кард, ки ҷонибҳо гурӯҳи муштарак ташкил карда, ҳодисаро тафтиш мекунанд. Дар натиҷа дар Қирғизистон 7 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки тафтишоти онро мақомоти тоҷик ва қирғиз якҷо мебаранд.

Рӯзи 18 март натиҷаҳои музокироти ҳайъати Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуданд. Мувофиқи он дар пайи музокирот протоколи танзими вазъ дар қисмати марзӣ ба имзо расид.

Бар асоси ин санад ҳаракати мошинҳо дар навоҳии наздимарзӣ дар зудтарин фурсат барқарор  шуданд. Бар асоси иттилоияи Ҳукумати Қирғизистон, ҳамчунин созиш шуд, ки сохтмони роҳи Қоқтош – Оқсой – Тамдиқ  идома хоҳад ёфт.