Эмомалӣ Раҳмон бо Антон Силуанов муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кард

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буда, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми сарвазири Русия, Антон Силуановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  гуфтааст, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳад.    

Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баррасии “Барномаи руши ҳамкории иқтисодии чонибҳо барои то соли 2021” барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, муҳим арзёбӣ гардидааст.  

Антон Силуанов, муовини аввали сарвазири Русия барои музокирот ба Душанбе меояд

Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои мамлакатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Русия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шумурда шуд.

Ба иттилои хадамоти Русия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1, 6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт.

Дар ин мулоқот, ҷонибҳо барои ҳамкории фаъол дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, энергетика ва комплексҳои кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва кредит, дар соҳаи нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ, изҳори омодагӣ кардаанд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигар мулоқот будаан, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Антон Силуанов, муовини аввали сарвазири Русия, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия ширкат хоҳад кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур 20 марти соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.