Ҷавонони Тоҷикистон пагоҳ ба Ҳисор мераванд, ба наврӯзӣ

Дар чорабинии наврӯзӣ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар беш аз 200 нафар ҷавонони фаъол ширкат мекунанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik.  Пагоҳ, 18 март, дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаҳои идона-ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” роҳандозӣ мешавад.

Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Ба иттилои равобити умумии Кумитаи кор бо ҷавонон, ин чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.
Дар чорабинии мазкур ҷавонони кишвар фаро гирифта шуда, баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур аз дигар шаҳру навоҳии кишвар беш аз 200 ҷавонони фаъол ширкат менамоянд.

Мабаъ афзуда, ки Наврӯзии ҷумҳуриявии ҷавонон соли дуюм гузаронида мешавад. Соли гузашта Наврӯзи ҷумҳуриявии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода таҷлил карда шуда буд.