Медали биринҷии Беҳрӯз Хоҷазода дар сабқати Русия

Хоҷазода Беҳрӯз дар сабқати Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо барои ҷои сеюм бо варзишкори бразилӣ Эдуардо Барбоса рақобат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҷудочии номӣ Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо медали биринҷӣ гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федеросюни байналмилалии ҷудо.

Дар сабқати Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо Хоҷазода Беҳрӯз барои ҷои сеюм бо варзишкори бразилӣ Эдуардо Барбоса рақобат кард.

Ҷудочии тоҷик то вазни 73 кило ба рақобат баромада, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Ёқубҷон Назиров дар Русия соҳиби медали биринҷӣ шуд

Сабқати бонуфузи Ekaterinburg Grand Slam 2019 дар Русия баргузор шуд. Дар он 354 варзишкор аз 47 кишвари дунё ширкат карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт ҷудочӣ-шаш мард ва як зан намояндагӣ мекунанд.

Дар баробари Тоҷикистон се кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ дар ин сабқат ширкат карданд. Аз ҷумла аз Узбакистон ва Қирғизистон 11 варзишкор ва аз Қазоқистон 19 намоянда ширкат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ҷудочии тоҷик Ёқубҷон Назиров ҳам ҳунарнамоӣ карда, дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.