Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вакилони қирғиз барои ҳалли муноқиша ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафтанд

Вакилони Парлумони Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи марзӣ дар ҷои ҳодиса, ба вилояти Ботканд сафар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вакилони қирғиз барои ҳалли муноқишаи марзӣ ба ҷои ҳодиса сафар карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии палатаи қонунбарори Қирғизистон хабар медиҳад.

"Тибқи фармони спикери парлумон Достонбек Ҷумъабеков, гурӯҳи вакилони Парлумон барои ҳалли муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба вилояти Ботканд сафар карданд",-омадааст дар хабарнома.

Ба иттилои хадамоти матбуотӣ, спикери парлумон бо гурӯҳи вакилон вохӯрдаву маслиҳат дода, ки "муноқишаи марзӣ бояд ба нафъи ду кишвари бародар, бо нигоҳдории муносибати дӯстӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳаллу фасл шавад".

Қирғизистон сокинони ду деҳаи назди марзи Тоҷикистонро ба Ботканд кӯчонд

Ёдрас мешавем, ҷанҷоли байни сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 март оғоз шуд.

Шоми 14 март Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон пас аз як муноқишаи дигар дар марз вазъро мураккаб хонда, шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишварро дар дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ муҷрим гуфт.

Ёдрас мешавем, дар пайи ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон - сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух қурбон шуданд.