Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон: дар пайи тирпарронӣ дар марз се қирғиз маҷрӯҳ шуданд

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар пайи таниши марзӣ дар Қирғизистон 3 тан маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи захмиҳо дар пайи тирпарронӣ ҷароҳат бардоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Дар пайи ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистон дар Қирғизистон ду рӯзи ахир се нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Бино бар иттилои вазорат, ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар пайи тирпарронӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Қирғизистон сокинони ду деҳаи назди марзи Тоҷикистонро ба Ботканд кӯчонд

"Захмиҳо зерои назорати пизишкони бемористони вилояти Ботканд қарор доранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, пештар аз 2 кушташуда ва бештар аз 20 захмӣ дар пайи задухӯрд дар марз бо Қирғизистон дар Тоҷикистон хабар дода шуд.

Ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд дар минтақаҳои ҷамоати Ворух ва Оқ-сарой бегоҳии 13 март оғоз шуд ва 14 март идома кард.

Гуфта мешавад, далели асосии баҳс сохтмони роҳ аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳсбарангез буд.