ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Корхонаи"Узавтотранс сервис"-и Узбакистон аз корхонаи Zhengzhou Yutong Bus-и Чин 100 автобуси мусофирбар харидорӣ кардааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбакистон ин автобусҳо барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия, Қазоқистон ва баръакс пешбинӣ шудаанд.
"Аз корхонаи Zhengzhou Yutong Bus-и Чин сад автобуси мусофирбар харидорӣ шуда, ки барои ҳаракат дар самти Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ серталаб хоҳад буд",-гуфт раиси Вазорати нақлиёти Узбакистон.
Ба гуфти ӯ ин автобусҳоро 120 ронанда, ки тариқи озмун қабул шудаву аз курси вижаи ронандагии ҳаракат дар роҳҳои байналмиллалӣ гузаштаанд, идора хоҳанд кард.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбакистон ин автобусҳо ба нархи 20 миллион доллар харидорӣ шудаанд.
Айни замон ин автобусҳо ба Нижний Новгород, Қазон, ҳафт шаҳри Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мусофиркашонӣ мекунанд.