Тоҳирҷон Муминов мақоми нав гирифт

Тоҳирҷон Муминов, сармураббии нави тими “Истаравшан” таъин шуд
Тоҳирҷон Муминов, сармураббии нави тими “Истаравшан” таъин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Асрор Шоҳраҷабов, мудири бошгоҳи “Истаравшан” хабар дод.

Полузащитник душанбинского Истиклола Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана
ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

Шоҳраҷабов мегӯяд, Тоҳирҷон Муминов барои кор дар мақоми сармураббии тими Истаравшан то охири соли ҷорӣ созишнома имзо кард.  

Муминови 48-сола дар гузашта нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон буд. Ӯ тайи ду соли охир тими шаҳри Душанбе – ЦСКА “Помир”-ро роҳбарӣ мекард ва дастаи мазкур таҳти роҳнамоии ӯ соли 2017 медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст овард.

Тоҳирҷон Муминов дар мақоми сармураббии “Истаравшан” сабқати нахустинашро бо тими “Панҷшер” дар даври аввали қаҳрамонии Тоҷикистон - 2019 мегузаронад. Мавсими нави сабқатҳо дар Лигаи олии Тоҷикистон 6-7 апрел оғоз мегардад.