Дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёфт

Бозии дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт, аммо аз рӯ натиҷаи ду бозӣ Дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ пайдо кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол

Бино бар иттилои манбаъ, бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”,​ ки рӯзи 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 000 тамошобин доир гардид, бидуни гол ба поён расид.​

Бозии аввали ин дастаҳо 6-уми март дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дастаи ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум гардид. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Хуҷанд” ба даста пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.