Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман” ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод

Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент, бо бонувон вохӯрда, барномаи консертӣ намоиш додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.

Рақси тоҷикӣ: чӣ гуна духтари амрикоӣ дар ансамбли "Лола" ҳунарнамоӣ мекард

Манбаъ таъкид намудааст, ки сафари ҳунарии мазкур ба ифтихори Рӯзи Модар сурат гирифта аст.

Вазорати фарҳанг қайд намудааст, ки ансамбли мазкур дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти дурдасти Шинг бо бонувон вохӯрда, барномаи консертии ҷолибро таҳти унвони “Дасти дуои модар”, ки фарогири мавзӯи Ватан-Модар, баҳор, дӯстиву бародарӣ, сулҳу ваҳдат ва амсоли инҳо буданд, манзурашон гардонид. 

Манбаъ қайд намудааст, ки бонувон барномаи консертӣ, хусусан ҳунарнамоии овозхони номӣ Хосияти Зарафшониро хуб пазироӣ намуда, баҳраи маънавӣ бардоштанд.