Спартакиада дар Маскав: рақобати зебосанамҳои Тоҷикистон мардонро дар ҳайрат гузошт

Sputnik

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъияти "Нур" ташкил шудааст.

Дар спартакиадаи мазкур беш аз 300 ҷавондухтарон ва занони тоҷике, ки дар Русия ба сар мебаранд, иштирок намуданд.

Занон дар намуди варзишҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи мизӣ, варзиши сабук, дзюдо, шоҳмот, шашка, нард, дастхобонӣ ва танобкашӣ рақобат карданд.

“Бо ҷалби занон ба мусобиқаҳои варзишӣ, кӯшиш дорем онҳоро аз доираҳои маҳдуди оила ва ҳамшаҳриҳояшон берун кашем. Иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ба занон имкон медиҳад дилпур шаваду ба худ боварӣ пайдо кунад. Мо хоҳони онем, ки занони мо худро танҳо ҳис накунанд ва фикр накунанд, ки аз ҷомеа дур ҳастанд”, -гуфт Алимамад Баймамадов.

“Мо аз шумораи иштироки занон ва сатҳи омодагии онҳо ба ҳайрат омадем.  Дар оянда тасмим дорем ҷуғрофиёи спартакиадаро васеътар кунем. Мехоҳем чунин мусобиқаҳоро на танҳо дар рӯзи 8 март баргузор намоем, балки то ҳадди имкон дар дигар рӯзҳо низ ташкил кунем”, - эълон кард раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Анзор Назархудоев.

“Мусобиқаи ҷолиб дар даври ниҳоии волейбол сурат гирифт. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки тими ҷадиди “Рӯшноӣ” (Рассвет) ба финал роҳ ёбад ва бо дастаи касбии “Рубин” рақобат намояд. Мусобиқаи ҷолиби дигар танобкашӣ буд. Бисёр мусобиқаи ҷолиб буд”, - афзуд сухангӯи ҷамъияти “НУР” Карамшо Мамаднасимов.

Ҳар як варзишкори зан бо як даста гул қадрдонӣ шуд.

Заноне, ки дар мусобиқаҳо пирӯзи ба даст оварданд бо медалу сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Спартакиада бо барномаи фарҳангии идона хотима ёфт.  

1 / 12
Занон дар намуди варзишҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи мизи, варзиши сабук, дзюдо, шоҳмот, шашка, нард, дастхобонӣ ва танобкашӣ рақобат карданд.
2 / 12
Дар Шоҳмот Карима Еразизова пирӯз шуд. ҷойҳои дувуму севумро Майдагул Бахтиёрова ва Адолат Соибназарова
3 / 12
Дар варзиши тенниси рӯи мизи Надима Нурбекова барандаи ҷои аввал шуд. Муқаддас Шодмонбекова ва Сабзбаҳор Мамадризоева соҳиби медалҳои нуқраву биринҷӣ гаштанд
4 / 12
Дар мусобиқаи дзюдо Нозия Аксаколова дар вазни 52 кг., Нисо Шоикатаева (57 кг), Давлатмо Калимаева (63 кг), Султонбегим Алаёрова (70 кг) ва Марифат Хонҷонова (78 кг) соҳиби медали тилло гаштанд
5 / 12
Миёни дастаҳои волейбол тими "Рубин" сазовори ҷои аввал гашт. Ҷойҳои дувуму севумро дастаҳои "Расвет" ва "Сокол" ба даст оварданд
6 / 12
Омина Асанова дар мусобиқаи дастхобонӣ беҳтарин дониста шуд. Нисо Шоикатова ва Сабрина Саторзода сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд
7 / 12
Дар танобкашӣ ҷои аввалро тими "Ситора" ба даст овард. Ҷойҳои дувуму севумро тимҳои "Нур" ва "Алмос" ишғол намуданд
8 / 12
Нисо Шоикатова дар мусобиқаи дзюдо рақобати хуб нишон дод
9 / 12
Ҷамила Қурбонбекова фаолтарин бозигари тенниси рӯи мизи дониста шуд, аммо ҷавонтарин варзишкор Исимин Фармонбекова эълон шуд
10 / 12
Дастаи "Сокол" дар бозиҳо баскетбол сазоваори ҷои аввал гардид. Дастаҳои "Звезда" ва "Нур" сазовори ҷойҳои дувуму севум гаштанд. беҳтарин баскетболбоз Дугона Ҳамзаева дониста шуд.
11 / 12
Ясмина Кузиева беҳтарин ҳамлагар дар мусобиқаи волейбол дониста шуд. Беҳтарин волейболбоз миёни занон Зуҳайло Қадамшоева дониста шуд.
12 / 12
Барандагони мусобиқа бо медалу, сипоснома ва ҷом сазовар гардиданд. Инчунин ба ҳамаи занони варзишкор як дастагӣ гул тақдим карда шуд