Мулоқоти ХБА бо Бонки Миллӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои идомаи гуфтушунид доир ба тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik.  Дар доираи сафари корӣ Ҳайати ХБА бо роҳбарии Падамжа Ханделвал бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳангии он бо сиёсати фискалӣ мубодилаи афкор намуданд.

ХБА метавонад барномаи нави қарздиҳии имтиёзнокро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд

“Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти БМТ.

Дар навбати худ, роҳбари Ҳайати ХБА Падамжа Ханделвал дар хусуси ноил гаштани Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар кард.

Падамжа Ханделвал, инчунин фаъолиятро дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард.

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев доир ба татбиқи ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва дастрасӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.

Вай қайд намуд, ки дар ин самт бо ҳамкории Вазорати молия лоиҳаи як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ омода гардида, ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

ХБА ба БМТ кӯмак мекунад

Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак  хоҳад варзид.

Ёдрас мешавем, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати ХБА доир ба Тоҷикистонро бар дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ - бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.