ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар Бангкок, зимни 38-умин маҷмааи умумии Шӯрои олимпии Осиё интихоботи раёсати ин Шӯро, ҳайати кумитаи иҷроия ва намояндаҳои комиссияҳои доимӣ барои солҳои 2019-2022 баргузор шуд.
Бо ҳамовозии аъзои Шӯрои олимпӣ, Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ аз Қувайт боз президенти “Olympic Council of Asia” интихоб шуд.
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст. Дар даври қаблӣ Рустами Эмомалӣ, узви Кумитаи ОСА дар умури муносибатҳои байналмилалӣ буд.
Тоҷикистонро дар маҷмааи умумии ОСА дар Бангкок, Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва котиби генералии ин Кумита Маҳмадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.
Шӯрои олимпии Осиё, ин созмони байналмилалӣ мебошад, ки феълан кумитаҳои миллии олимпии 45 кишвари Осиёро дар бар мегирад. Дафтари марказии ОСА дар Қувайт ҷойгир мебошад.