ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ахиран дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорони вилоят баргузор гардид.
Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинӣ суханронӣ карда, вазъи соҳаи саноати вилоят ва фаъолияти соҳибкоронро таҳлилу баррасӣ намуд ва барои рушди дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бештар ба роҳ мондани содироти маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масоили ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.
“Дар вилояти Суғд иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускору навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд”, - гуфт вай.
Дар ҷамъбасти соли гузашта шумораи соҳибкорони вилояти Суғд беш аз 105 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 5997 нафар зиёд мебошад.
Дар мулоқот зикр гардид, ки кормандони соҳаи саноат дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ доранд.
Дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба соли 2017 1,1 миллиард сомонӣ зиёд буда, 110,5 фоизро ташкил медиҳад. Суръати рушди саноати вилоят ба 108,2 фоиз баробар гардид.
Дастовардҳои мазкур имкон доданд, ки саҳми саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ дар сатҳи 50 фоиз нигоҳ дошта шавад.
“Боиси қаноатмандист, ки тайи 5 соли охир саҳми саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ аз 34 фоизи соли 2014 то 50 фоиз афзудааст, ки наздик 1,5 маротиба зиёд аст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Манбаъ таъкид намудааст, ки Вилоят дар соли гузашта ба нақша гирифта буд, ки 88 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис диҳад. Аммо дар натиҷа тадбирҳои андешидашуда 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ҳамин ҳол дар соли 2019, ба нақша гирифта шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 272 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 4,9 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Аз ҷумла пешбинӣ шудааст, ки дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ 69 корхонаву коргоҳи нав, саноати сабук 119, хӯрокворӣ 63, кимиё ва коркарди нафт 5, мошинсозӣ, коркарди фулузот ва электротехника 5, металҳои ранга 4 ва сӯзишворӣ 1 адад бунёд мегарданд.
Дар мулоқот кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорон, аз ҷумла Раҳим Абдуллоев – соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, директори корхонаи “Тамохуш” - и шаҳри Исфара Дилшод Расулзода, директори ширкати истеҳсолии “Барс” - и шаҳри Хуҷанд Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров, раиси хоҷагии деҳқонии “Муллосафар” - и ноҳияи Мастчоҳ Муллосафар Олимов, директори корхонаи истеҳсолии серсоҳаи “Кедр” Дадохон Очилов, муассиси ҶДММ “Умрон Суғд” Мавҷуда Қобилова, директори ҶДММ “Арванд” Шоира Содиқова ва дигарон, фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро барои рушди соҳаи саноати вилоят ва фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳод намуданд.