Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” ба вохӯриҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд

Тибқи низомнома, аз рӯи бартарии тӯбҳо дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” барои дарёфти Ҷоми ФФТ муборизаро идома медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи “А” ба анҷом расиданд, иттилоъ додааст Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Кумитаи ҷавонон рӯзноманигоронро ба футбол даъват кард
Дар натиҷа дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” ба вохӯриҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври охири бозиҳои гурӯҳи “А” дастаи “Регар-ТадАЗ” бо “Истаравшан” ва “Душанбе -83” бо “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қувва санҷиданд.  Натиҷаи баробари 1:1 ғолибро дар ҷуфти аввал –“Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” муайян накард ва   дастаҳо дар маҷмӯъ соҳиби 5-холӣ шуданд. “Душанбе -83”  бар “Арал” бо ҳисоби калони 7:2 пирӯз гардид ва ин даста низ нишондоди холҳояшро ба 5 адад расонд. Тибқи низомнома, аз рӯи бартарии тӯбҳо дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.

Дар бозии нимниҳоӣ рақиби дастаи “Регар-ТадАЗ”-  “Истиқлол”-и Душанбе ғолиби гурӯҳи “Б2 муайян шуд. “Истаравшан” имрӯз баъди ҷамъбасти мусобиқа дар гурӯҳи “Б” ҷуфти худро пайдо мекунад.

ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

Ҷоми ФФТ. Бозиҳои финалӣ

Гурӯҳи “А”

Даври 3-

“Истаравшан” – “Регар-ТадАЗ” – 1:1

Голҳо: Ҷамшед Ҳасанов, 68 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 84 (1:1).

“Истаравшан” (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Тулқин Умаров, Азизҷон Шамсиев, Саидхони Амрохон, Зиёвуддин Фузайлов, Диловар Бойқузиев (Сантос де Силва Вендер, 87), Отабек Каримов, Насим Расулов (Ҷамшед Ҳасанов, 46), Бахтиёр Абдураҳмонов (Бахтовар Зокиров, 84), Абдураҳмон Қурбонов (Ферейра де Конкейкао Роджерио, 61), Илҳом Баротов.

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Сироҷиддин Аллаев (Ёқуб Ахмедов, 81), Алишер Шарифов, Сайдамири Сайдаҳмад, Далер Шомуродов, Расул Файзов, Акбари Шелдорӣ (Ҳикматулло Расулов, 61), Амирҷон Сафаров (Фирӯз Раҳматов, 67), Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов (Акбар Бобомуродов, 61), Наврӯз Рустамов.

Огоҳӣ: Бахтиёр Абдураҳмонов, Зиёвуддин Фузайлов, Илҳом Баротов, Диловар Бойқузиев, Сантос де Силва Вендер (“Истаравшан”), Наврӯз Рустамов (“Регар-ТадАЗ”).

Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Бозингари беҳтарин: Расул Файзов (“Регар-ТадАЗ”).

Довар дар майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозир: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳиссор).

28 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

“Душанбе-83” – “Арал” – 7:2

Голҳо: Дилшод Расулов, 7 – аз пеналти (1:0). Абдул Салам, 15 (2:0). Акмал Абдурасулов, 16 (2:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 21 (2:2). Идрис Амину, 29 (3:2). Қосим Музаффаров, 33 (4:2). Исмоил Алимардонов, 41 (5:2). Авуку Калеб, 82 (6:2). Элчибек Рашидбеков, 87 (7:2).

“Душанбе-83” (Душанбе): Фаромӯз Саидов, Дилшод Расулов, Бенҷамин Асамоа, Иззат Рӯзиев (Умар Азимов, 65), Акрамҷон Қурбонов, Идрис Амину, Исмоил Алимардонов (Маг Ансон, 82), Колинс Адухене (Фарҳод Қосимов, 36), Абдул Салам (Калеб Авуку, 61), Элчибек Рашидбеков, Шавкати Ҳотам (Интил Мустафо, 31).

“Арал” (Абдураҳмони Ҷомӣ): Сайёд Шоимардонов, Рамазон Сафаров (Мӯмин Неъматов, 90+2), Шаҳбоз Солиев, Фаррух Саъдуллоев, Сафиоллоҳ Назаров, Далер Умаров, Фирӯз Ибрагимов, Тоирҷон Тағойзода, Ҳасан Ғуломов, Акмал Абдурасулов, Сӯҳроб Бақаров.

Огоҳӣ: Фарҳод Қосимов, Исмоил Алимардонов, Умар Азимов (“Душанбе-83”), Фаррух Саъдуллоев (“Арал”).

Аз бозӣ ронда шуд:  Ҳасан Ғуломов (“Арал”), 89 – барои одобро риоя накардан.

Бозингари беҳтарин: Идрис Амину (“Душанбе-83”).

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

Нозир: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Гурӯҳи  “Б”.

Даври 3

1 март (ҷумъа)

11:00 – “Ҳулбук” – “Кӯктош”

14:00 – “Гулистон” – “Истиқлол”

Бозиҳои боқимонда:

Нимфинал

3 март (якшанбе)

11:00 – 1 “А” – 2 “Б”

14:00 – 1 “А” – 2 “Б”

5 март (сешанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

14:00 – Финал