Бориш дар назар нест: обуҳавошиносон мегӯянд, танҳо дар Хатлон борони кӯтоҳмуддат меборад

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ карда, изҳор доштаанд, ки дар аксари навоҳии кишвар бориш дар назар нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.  Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Ҳушдори КҲФ дар бораи сардшавии ҳаво ва фаромадани тарма

“Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 20-25 то 28- 33 ва рӯзона 8-13  дараҷа сард мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард шуда,  рӯзона  ҳаво аз 3 дараҷа сард  то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйрёбанда шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 11-16  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 9-14 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ  0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2  дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.