Обуҳавошиносон: обу ҳавои бебориш аммо сард дар назар аст

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман  абрнок шуда,  меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 7-12 то 13-18 дараҷа сард   ва  рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво пас аз барфу боронҳо: дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Обуҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  24-29 ва рӯзона 4-9  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ   4-9, инчунин то 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 4 дараҷа сард  то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва  рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад.