Падарарӯс келинашро бо табар зада кушт

Сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри Истаравшан ба идораи милитсия омада, муроҷиат намудааст дар муноқиша келинашро ба қатл расондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба идораи милитсия шаҳри Истаравшан марди 52-сола сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки дар як муноқишаи хонаводагӣ келини хонаашро бо табар зада ба қатл расонидааст, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.com.

Қассос аз келин: модаркалон сабаби зинда ба хок кардани Беҳрӯзҷонро гуфт

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 52-солаи сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур омада, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми феврал, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келини 27-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 6-маротиба ба баданаш задааст. 

Дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кормандони милитсия доир ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома доранд.