ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ахиран Масуд Халифазода Сафири Тоҷикистон дар Бритониё бо Тамара Гудвин, муовини Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан, роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британиё мулоқот намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо масоили вобаста ба соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ тарафҳо мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британиёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ баррасӣ гардид.
Инчунин тарафҳо вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ, табодули назар карданд.
Ёдрас мешавем, ки пештар раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланди Шимолӣ дар ҶТ Ҳю Стенли Филпотт мулоқот карда буд.
Дар ин дидор таъкид шуда буд, ки Дафтари рушди байналмилалии Бритониё тасмим гирифта дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузорӣ кунад.