Раҳмон дар ҷаласаи ҳизби ҳоким: дастовардҳои кишвар бо ҲХДТ иртиботи ногусастанӣ доранд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иштирок кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ҳизб дар соли 2018 ва нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз олимон хост, ки ҷашни Садаро омӯзанду байни мардум таблиғ кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ зимни суханронияш таъкид намуд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд.

“Мо ҳоло дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишварамон талош дорем, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки бештари дастовардҳои назарраси кишварамон бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.

Муроҷиати модарони Душанбе ба Рустам Эмомалӣ: дар роҳандозии "ипотека" мусоидат кунед

“Ҳизб бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард, инчунин дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти як қатор ҷанбаъҳои калидии кор такони нав бахшид”, - изҳор доштааст раиси ҲХДТ.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, феълан ҲХДТ беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд.

“Аз ин шумора беш аз 176 ҳазори онҳо ҷавонони аз 18 то 30 сола мебошанд, ки муҳаррики ҳизб буда, дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ҷамъбасти кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату ҳукумат муваззаф карда, таъкид намудааст, ки “дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост”.