Ҳисоботи кумитаи дин: аз “рейд”-и тӯйю маъракаҳо то бақайдгирии масҷидҳои ҷумҳурӣ

Кумитаи дин дар ҷумҳурӣ 3794 қабристону 3800 масҷидро ба қайд гирифта, 28054 рейдҳои санҷишӣ баргузор намуда, 3571 донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии хориҷиро ба Тоҷикистон баргардонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Имрӯз нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон баргузор гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии кумита.

Кумитаи дин телефони бовариро фаъол кард

Манбаъ афзудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷидҳои ҷомеъ, 3422 масҷидҳои панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона дар маҷмӯъ 3867 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. 

Комиссияи мувофиқакунонӣ дар соли 2018 мувофиқаи 258 нафар сархатибону имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақтае, ки аз тариқи истисноӣ дар он намозҳо бо ҷамоат гузорида мешавад, ба роҳ монд.

Дастархонороӣ: Кумитаи дин ва танзими анъана озмун эълон мекунад

Кумита бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” ҷиҳати ба тартиб даровардани қабристонҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти даватии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 3794 адад қабристонҳои амалкунанда мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 528 адад, вилояти Хатлон – 1103 адад, вилояти Суғд – 894 адад, шаҳри Душанбе –5 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1264 адад.

Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида 3758 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои  зарурӣ то имрӯз 3571 нафари донишҷӯён ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта, айни ҳол 113 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз ин теъдод 54 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд.

Айни ҳол тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 241 нафар донишҷӯёни ба таҳсилоти динӣ машғул буда, дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар боқӣ мондаанд.

Кумитаи дин: тақозои тартибот эълони "ҷанг зидди мардуми Бадахшон” нест

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 28054 (шаҳри Душанбе 2832, Вилояти Мухтори Кӯҳистони 1054, вилояти Суғд 4515, вилояти Хатлон 5446, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14207) рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуд.

Дар соли 2018 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди олии Тоҷикистон 648 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи судҳо дар ин давра 648 адад парванда баррасӣ гардид, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 3 миллиону 61 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.