Кумакпулии мақомот ба оилаҳои камбизоат барои дафн 1100 сомонӣ будааст

Сафаралӣ Наҷмуддинов раиси Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тадбиқи ягонаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоатро муайян карда, имрӯз дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сафаралӣ Наҷмуддинов раиси ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намудааст, кир мувофиқи қонунгузории  Тоҷикистон  муқаррар гардидааст, ки дар вақти фавт  ба ворисони оилаҳои камбизоат  барои  баргузории маросими дафн  ҷубронпулӣ пардохт карда шавад.

Маросими дафн дар Ванҷ бо кордкашӣ анҷом ёфт

Ба гуфтаи вай ин оилаҳо аз ҷониби комиссияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян  карда мешаванд. 

“Дар доираи  ин  мо аз ҳисоби буҷети суғуртаи  иҷтимоии нафақа маблағгузорӣ мекунем. Дар амал ин  20 нишондиҳанда аст,  яъне ба  ворисони майит барои маросими дафн 1 ҳазору 100 сомонӣ дода мешавад”, — афзуд Наҷмуддинов.

Зимни нишасти матбуотӣ инчунин қайд карда шуд, ки соли 2018 ба 16 ҳазору 802 нафар оилаҳои камбизоат мувофиқи тартиби муқарраргардида  16 млн. 802,0 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои дафн пардохт карда шуд.