Конфронси сиёсатмадорон ва ходимони намоёни афғон дар Маскав

Конфронс бо ташаббуси ҷамъияти афғонҳои Русия доир мегардад, ки таваҷҷуҳи махсус ба иштироки намояндагони ҳаракати толибон зоҳир карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Имрӯз  ва пагоҳ дар Маскав конфронси сиёсатмадорон ва ходимони намоёни афғон баргузор мегардад, ки дар он масоили марбут ба вазъ дар Афғонистон баррасӣ хоҳанд шуд, иттилоъ додааст “РИА Новости”.

Маскав ба конфронс оид ба масоили Афғонистон Амрикоро низ даъват кард

Дар конфронс, ки бо ташаббуси ҷамъияти афғонҳои Русия доир мешавад, илова бар сиёсатмадорону фаъолони Афғонистон намояндагони ҷамъиятҳои як зумра кишварҳои дигар низ иштирок менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсус дар ин конфронс ба иштироки намояндагони ҳаракати толибон, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Маскав дар конфронси “сиғаи Москва” оид ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ширкат варзида буданд, зоҳир карда мешавад.

Мақомоти Афғонистон то ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар ин конфронс иттилоъ надодаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия иттилоъ дод, ки конфронси мазкур маҳз аз ҷониби ҷамъияти афғонҳо даъват карда шуда, идомаи конфронси “сиғаи Маскав” оид ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба ҳисоб намеравад.