ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Тоҷикистон давоми соли 2018 бо арзиши беш аз 307,2 миллион доллар автомашин ворид кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилои ожонси омори Тоҷикистон, соли гузашта худравҳои харидшуда ҳудуди 23,4 дарсади ҳаҷми умумии колоҳои аслии воридотии кишварро ташкил кардаанд.
Соли 2018 воридоти худравҳо дар муқоиса бо соли 2017, 42 дарсад афзоиш ёфтааст.
Фурӯшандаҳои худравҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди афзойиши воридоти худрав дар бозори дохилӣ тақозо кам аст.
Умдаи худравҳои воридшуда мошинҳои боркаш мебошанд, ки барои амалӣ кардани тарҳҳои калон харидорӣ шудаанд.
Пештар Тоҷикистон аслан худравҳои корбурдшударо ворид мекард, ки нархи онҳо дар муқоиса бо худравҳои нав хеле арзон мебошад.
Кишварҳои Балтика ва Аврупо воридкунандагони аслии худрав ба Тоҷикистон мебошанд. Чин дар ворид кардани худравҳои боркаш ва калон ба Тоҷикистон пеқадамтар аст.
Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта воридоти худравҳои тавлиди пеш аз соли 2005-ро мамнӯъ кард. Ин қонун аз 15 феврали соли 2018 ба иҷро даромад.
Бинобар ин соли гузашта содироти мошинҳо аз Тоҷикистон 37 дарсад коҳиш ёфт. Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти худравҳо 16,3 миллион долларро ташкил кард.