Обуҳавошиносон дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ карданд

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.Тибқи иттилоияи расмӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи тар дар  назар аст.

Қоҳир Расулзода бо омодагиҳои дегхонаҳои пойтахт барои фасли зимистон ошно шуд

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона 9-14  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 7-12  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  буда, дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат   шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона  3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш, шабона -1+1 ва рӯзона 10- 12 дараҷа гарм дар назар аст.