ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 19 ҳазор сохтумонҳои навъҳои гуногун ба баҳрабардорӣ мерасанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи кумитаи меъморӣ ва сохтумони Тоҷикистон, бунёди ва ба истифодадиҳии сохтмонҳо то сентябри соли 2021, яъне ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон поён хоҳанд ёфт.
Манбаъ илова кардааст, ки дар аввал сохтусози 15 ҳазор сохтмон барномарезӣ шуда буд, вале бо арзаҳои нави ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ин шумор ба 19 ҳазор расидааст.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Душанбе давоми се сол беш аз 250 сохтмони гуногун ба баҳрабардорӣ мерасанд ва даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд мегарданд.