Сохтмони корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сохтмони корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо суръат давом дорад, қарор аст то ҷашни истиқлолият ба истифода супорида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. То ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи нави  ресандагӣ “Органик-ян”  бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Истеҳсоли 2872 метр матои атласу адрас дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти корхонаи нав, тасмим гирифтааст, ки соли равон корхонаи ресандагии нави “Органик-ян”-ро мавриди истифода қарор диҳад.

Айни замон корҳои сохтмонии корхонаи мазкур идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани ҶДММ “Органик-ян” даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Тибқи лоиҳа корхонаи ресандагии нави “Органик-ян” метавонад дар як сол то 15 000 тонна нахи пахтаро коркард намояд.