Давандаи тоҷикистонӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд

Дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова , ки дар Қазоқистон доир гардид, сазовори медали биринҷӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Варзишгари шинохтаи  тоҷик Кристина Пронженко дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорски Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз 420 ҳазор даванда гузашт

Кристина Пронженко аз намуди  варзиши сабук дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон бо натиҷаи 55.72 соҳиби ҷойи сеюм шуда, рекорди нави Тоҷикистонро гузошт (дар дохили толор).

Тибқи иттилои Федератсияи  варзиши сабуки  Тоҷикистон дар мусобиқа, ки аз рӯи даҳ қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Украина ширкат намуданд.