ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, аз рӯи навори дастрасшуда ба идораи милиса маълум гардид, ки ронандаҳои “Мерседес-Бенс” ва “Тойота-Кемрӣ”, дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, оромиро халалдор ва ҳаёти шаҳрвандонро зери хатар гузоштаанд.
“Муайян шуд, ки ронандаи “Мерседес-Бенс” Забиров Фаридун Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва ронандаи “Тойота-Кемрӣ”, Қурбонов Маъруфҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат буда, ба шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, дастгиршудагон шаби 10-уми январ тахминан соати 00:30 дақиқа аз чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ – Мирзобек ба самти чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ – С.Вализода пойгаи автомобилӣ ташкил кардаанд.
РВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи ронандагон бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
“Тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ронандагонро ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад”, - омадааст дар иттилоия.
Соли гузашта дар Тоҷикистон ҷазо барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ дар роҳҳои истифодаи умум пурзӯр карда шуда, ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таъйин карда шуд.
Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ғайриқонунӣ ҷарима ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.