ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хоричаи кишвар бо хамтои қазокистониаш Бейбут Атамқулов дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати хораиҷаи кишвар.
“Ҳангоми суҳбати телефонӣ вазири умури хоричаи Қазоқистон Бейбут Атамқулов бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуданд. Инчунин онҳо масоили гузаронидани панҷумин конфронси таомул ва эътимодсозии Осиёро, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ намуданд”, - хабар додааст манбаъ.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Атамқуловро ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон табрик намуда, барояш комёбӣ ва ба кишвараш шукуфоӣ таманно кард.
Вазирон масоили ҳамкориҳои ду ҷонибаю бисёрҷониба, инчунин омодагӣ ба дидори машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.