Дар Бадахшону Суғд сардиву барф, дар пойтахту Хатлон гармиву борон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  рӯзона боридани борон дар назар аст.    Ҳаво   шабона 2-4  ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон: дар арафаи соли нав фаромадани меғ ва ҳавои абрнок дар назар аст

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда    мешавад. Рӯзона боридани борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.      Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона     9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7   ва   рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 13-18  ва рӯзона 8-13  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз -2-7 то -4+1 ва рӯзона   7+12  дараҷа гарм хоҳад шуд.