Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: дар рӯзҳои ҷашни соли нав эҳтиёт кунед

Сафорати Амрико дар Душанбе ба ҳамаи шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои ҷашни соли нави мелоди дар Тоҷикистон зирак бошанду эҳтиёт намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Хадамоти амнияти сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои ҷашни соли нави мелодӣ ҳангоми рафтан ба тарабхонаҳо, майхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва ҳамоишҳои ҷамъиятӣ эҳтиёт намоянд.

Дар ин бора сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст.

Сафорати Амрико: марги сайёҳон ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик рабте надорад

Инчунин ба шаҳрвандони Амрико тавсеа дода шудааст, ки аз нӯшидани машрубот ва мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд. Инчунин ба амрикоиҳо тавсеа дода шудааст, ки аз ҷойҳое, ки  мардуми зиёд ҷамъ меоянд худдорӣ намоянд ва таҳаммулпазир бошанд.

Сафорат ёдрас шудааст, ки 29 июли соли равон террористон ба гурӯҳи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омада буданд, ҳамла намуданд. Дар ин ҳамла чаҳор нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико ба ҳалокат расид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар сурати зарурӣ шаҳрвандони Амрико метавонанда ба сафорати Амрико дар Душанбе муроҷиат намоянд.