Рустами Эмомалӣ гуфт, Президент ба кормандони амният эътимоди баланд дорад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо иди касбияшон, ки 28 декабр таҷлил мешавад, шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави шуъбаи КДАМ Тоҷикистонро ба истифода дод.

Ифтитоҳи кӯдакистони нав ва таъкиди раиси Душанбе: кӯдакон ояндаи миллатанд

Манбаъ афзуд, сохтмони мазкур бо фармоиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе соли 2017 оғоз гардида, дар як сол бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ бо масоҳати 2100 метри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифт.

Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз заҳматҳои шабонарӯзии кормандони амният зикр карда, фароҳам намудани шароити мусоидро муҳим хондааст.

“Фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти пурзаҳмату шабонарӯзии кормандони амният дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нақши калон мегузорад”, - изҳор доштааст раиси Душанбе.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ зимни баромадаш дар назди кормандони амнияти миллӣ таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ин ниҳод эътимоди бузург дорад.

Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор аз ҷумла бунёди чунин биноҳои замонавии кориро аз натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумат ва эътимоди баланду ғамхориҳои раисиҷумҳур ба кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар унвон кард.