Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Новобаста аз пешравиҳои футболи ҷавонони мо, ба бозигарон дар Тоҷикистон кумаки кифояи давлат ва рақобати дохилӣ намерасанд, то ки тими мунтахаби кишвар дар сатҳи байналмилалӣ баромад карда тавонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Футболи муосири тоҷик норасоиҳои зиёд дорад. Аз як тараф, ин яке аз намудҳои варзиши даставии машҳур дар дохили Тоҷикистон ва ҳамчун намояндаи он дар хориҷа мебошад.

Аз тарафи дигар – новобаста аз мавҷудияти зиёди дастаҳои ҷавони ҳаваскорона ва касбӣ, Тоҷикистон худро дар дунёи футбол фаъол нишон надодааст. Миёни варзишкорон танҳо ба баъзеи онҳо муяссар мешавад, ки ба қуллаҳои баланди ин навъи варзиш расанд ва бо клубҳои лигаҳои олӣ  шартномаҳо гаронарзиш баста тавонанд.

Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол

Шумораи футболбозони бомаҳорати тоҷик ангуштшуморанд. Онҳо бозигари дастаи “Тюмен” - ҳимоягар Фарҳод Восиев, нимҳимоягари “Локомотив”-и Булғория Парвизҷон Умарбоев, бозигари дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Александр Хубер ва албатта намояндаи машҳуртарини Тоҷикистон дар футболи ҷаҳонӣ – ин нимҳимоягари дастаи “Зенит”-и Санкт-Петербург Далер Қузяев мебошанд.

Сармураббии клуби “Аҳмад”-и Чеченистон, собиқ бозигари “Локомотив” ва “Спартак”-и Русия Рашид Раҳимов дар бораи камбудиҳои мактаби футболи тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.

Дар ҷустуҷӯи боистеъдодҳои Тоҷикистонем

Ба ақидаи Раҳимов мушкилии системаи футболи тоҷик ин ҷудоии маҷбурии клубҳои миллӣ ва норасоии кумаки лозимаи давлат ба соҳаи варзиш мебошад.

Мусобиқаи футбол миёни марзбонони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон: кӣ пирӯз шуд?

“Вазъ на он қадар осон аст. Гап дар сари он аст, ки футбол дар Тоҷикистон, чихеле ки мегӯянд, ба матали “ҳар кас бори худашро мекашад” рост меояд. Тавре ба ҳама маълум аст, аз рӯи натиҷаҳо тими мунтахаби Тоҷикистон ҳатто дар Осиё пешсаф нест. Аммо ман медонам, ки роҳбарон бисёр кӯшиш мекунанд, то ки аз ваъи ҳозира бароянд”, - гуфт Раҳимов.

Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат ба варзиш миёни ҷавонон ва кӯдакон, ҳатто дар мавзеъҳои дурдаст кишвар диққати махсус медиҳанд. Кофист ёдовар шудан, ки  маркази махсуси варзишии Хоруғ бо дастгирии роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон, мири пойтахт, писари президенти кишвар Рустам Эмомалӣ сохта шуда буд.

Аммо ин қатрае аз баҳр аст. Бо кушодашавии як-ду маркази варзишӣ мушкили ҳалли худро намеёбад.

Кӯдакони ятим аз Тоҷикистон барои медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии футбол мубориза мебаранд

“Барои рушди футбол бояд ягон барномаи давлатӣ фаъол бошад, то ки мо ақаллан ба он мавқеъе, ки даҳсолаҳои пеш доштем, баргардем. Барои баргаштан ба он сатҳ,  агар шароит муҳайё бошад вақти зиёд лозим нест”, - тахмин мекунад Раҳимов.

Вай замони Шӯравиро ба ёд меоварад, замонеро, ки ҳар як минтақа дорои мактаби худ ва тарзи махсуси тайёркунии варзишкорони минтақаи хеш буд. Миёни дастаҳои дохилӣ рақобатҳои беандоза вуҷуд дошт, ки ин сабаби рушду нумӯи варзишкорону мактабҳои варзишӣ мегардид. Ин ҳама варзишкоронро ба бозигари сатҳи байналмилалӣ оварда мерасонд.

“Ҳамеша бо тимҳои Прибалтика, Қавқоз ва Украина бозӣ кардан шавқовар буд. Инҳо тамоман мактабҳои гуногуни дорои хусусиятҳои хоси худ буданд”, - гуфт ӯ.

Танҳо дар хориҷа метавон муваффақ шуд

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр кишварҳо, махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ қудрати сарфи маблағи лозимаро барои рушди соҳаи варзиш надоштанд. Барои ба сатҳи нав баромадан, ҳатто дастаҳои пурқувватро мебоист берун аз лигаҳои миллӣ бозӣ кунанд, барои рушд маблағи калон лозим буд.

Охиран дар сатҳи байналмилалӣ кишварро футболбозони бомаҳорати алоҳидае намояндагӣ мекарданд, ки агар бахташон механдид, аз тарафи менеҷерҳои варзишӣ ба инобат гирифта мешуданд ва ба хориҷа рафта, дар тимҳои ботаҷриба бозӣ карда, пешрафт мекарданд.

“Ростӣ, бозигарони бо маҳорат хело каманд ва онҳо агар аз тимҳои худ берун шуда ба дастаҳои сатҳи баланд ворид шаванд, пеш мераванд. Масалан, Илзат Ахмадов (нимҳимоягари ЦСКА-и Маскав) агар дар тими Қирғизистон мемонд, шояд маҳораташро ба ин дараҷа равнақ дода наметавонист, чунки сатҳи умумии футболи қирғиз то ба он дараҷа баланд нест”, - қайд кард Раҳимов.

Оё Ҷоми ҷаҳонии футбол имрӯз ба Тоҷикистон мерасад?

Ба фикри сармураббӣ, дар маҷмӯъ дар кишварҳои ИДМ ва махсусан Осиёи Марказӣ футбол на ба пеш, балки ба қафо ҳаракат мекунад. Аммо озорбойҷониҳо, қазоқҳо ва беларусҳо кӯшиш мекунанд ба пеш ҳаракат кунанд, вале ҳоло пешравӣ танҳо ба Русия муяссар шуда истодааст ва каму беш ба украиниҳо, ки ин ҳам аз ҳисоби рақобати дохилӣ мебошад.

Шояд дар давоми  даҳсолаҳои наздик Федератсияи футболи Тоҷикистон тавонад рушд кунад ва ҳамаи хароҷоти варзиширо пушонда тавонад. Мумкин  дар кишвар якчанд бозигарони боистеъдод пайдо шаванд, ки маҳорати тими миллиро баланд бардоранд.

Аммо то рушди тими кишвар, мактаби миллии футболи ҷумҳуриро танҳо соҳибистеъдодҳои “ягона” муаррифӣ мекунанд ва ин ҳам танҳо дар дохили дастаҳои хориҷа ба онҳо муяссар мешавад.