Ҷоиза ба беҳтаринҳо: Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравӣ қариб 1 миллион ҷудо кард

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба 76 варзишгари беҳтарини соли 2018 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент беш аз 931 ҳазор сомонӣ тақдим гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва Шамсулло Соҳибову Аҳтам Абдуллозода, муовинони президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар имрӯз беҳтаринҳои варзиш дар соли 2018-ро эълон карда, ҷоизаҳо супориданд.

Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ҷоизапулӣ барои варзишгарон аз ҳисоби Фонди захиравии раисиҷумҳур ҷудо шуда, нисбати соли гузашта 3 баробар бештар мебошад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ варзишгарони номии кишвар Дилшод Назаров – 100 ҳазор сомонӣ, Беҳруз Хоҷазода – 130 ҳазор сомонӣ, Шаҳриёр Даминов -142 ҳазору 642 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён – 100 ҳазор сомонӣ, Шакармамад Мирмамадов – 50 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ гирифтанд.

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол дар намудҳои олимпӣ, Хушқадам Хусравов варзишгари сол дар намудҳои ғайриолимпӣ, Душанбе – беҳтарин шаҳри варзишӣ,  мунтахаби футболбозони наврас -  беҳтарин тим ва сармураббияшон Зайниддин Раҳимов – беҳтарин мураббӣ, ФФТ – беҳтарин федератсия дар намудҳои олимпӣ, ТВ “Варзиш”- беҳтарин расонаи варзишӣ ва Алӣ Шарифов – беҳтарин шореҳи варзишӣ эътироф шудаанд.

Вазир баъди паём: табибон набояд нобоварии мардум ба Ҳукуматро ба миён оранд

Шаҳриёр Даминов – беҳтарин варзишгар миёни ҷавонон, Идимоҳ Холова – беҳтарин варзишгарбону, Федератсияи самбо – беҳтарин федератсия дар намудҳои ғайриолимпӣ, маҷмааи Данғара – беҳтарин муассисаи варзишии сол эътироф шуд.  

Кумитаи ҷавонон дар феҳрасти афроде, ки ҷоизаи раисиҷумҳурро гирифтанд, Ҳалимова Моҳру, Холова Идимоҳ, Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ, Маҷидов Ҷаҳонгир, Жабборов Хайёмиддин, Назаралиев Давлаталӣ, Ғаниев Ғаниҷон, Қурбонов Эмомризо, Даминов Шаҳриёр, Рустамов Абубакр, Ҷӯраев Дилшодҷон, Ковалев Иван, Даминов Мустафо, Пирназарова Комила, Лутфуллоева Нозанин, Пирназарова Зумрат, Бобоҷонова Мунира, Ваҳобов Азмуддин, Ҳасанов Бахтовар, Зуҳуров Ҳабибҷон, Мирзораҷабов Фирӯз, Азизов Асламҷон, Маҳмадбеков Раҳмонҷон, Панжиев Озодбек, Ходжиев Парвиз, Сангов Шоҳрух, Литфуллаев Муҳаммадрасул, Холов Исроил, Ҳасанов Азизбек, Шарипов Ҷонибек, Холиқов Умедҷон, Ҳасанов Муҳриддин, Назаров Фирӯз, Камолов Амадонӣ, Каримов Самандар, Закиров Иброҳим, Азимов Меҳробҷон, Аҳтамов Ҳамзаҷон, Забиров Нидоёр, Азизбоев Муҳаммадалӣ, Исмоилов Сунатулло, Раҳматов Шарифбек, Заиров Ислом, Эмомалии Аҳмадхон, Назаров Шаҳром, Соиров Рустам, Хусравов Хушқадам, Каримов Акмалиддин, Латифов Сорбон, Кароматов Сироҷиддин, Сайфиддинзода Ҳусейн, Амонов Аюбҷон, Ниёзов Билол, Ҳоҷизода Фарангис, Ибодов Ибодулло, Сабуров Мансурҷон, Гадоева Фотимахон, Турсунқулов Исмоил, Эминзода Эраҷ, Салимов Абдусалом, Ҳасанов Мақсуд, Маҳмадалӣ Сафиаллоҳ, Бобомуродов Алиҷон ва Исоев Ойбекро ном бурд.