Ронандаи беҳуш: мошин ба дарё фурӯ рафт

Дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар аз дарёи Душанбе мошини сабукрави ГАЗ 31-02 берун кашиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik.  Як ронанда ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намудааст, ки мошинаш ГАЗ 31-02, ки дар  канори дарёи Душанба истода буд, ба оби рӯдхона фурӯ рафт.

Ронанда таъкид намудааст, ки ҳангоми ист ӯ фаромӯш карда аст, ки мошинашро дар тормузи дастӣ нигоҳ дорад, ба ҳамин далел мошинаш ба рӯдхона фурӯ рафтааст.  

Ронанда ба хотири баровардани экскаватор аз дарё, худаш ғарқ шуд

Кормандони наҷот худи ҳамон замон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои аз об беозору безарар берун кашидани мошин кормандони КҲФ-ро лозим омад аввал сангу сангрезаҳоро бо дастонашон тоза кунанд, буттаҳоро буранд ва баъдан мошинро бо ёрии лебедка берун кашиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ҳангоми ин ҳодисаи нохӯш ва ин садамаи пурхатар касе  осеб надид, чун мошин холӣ буд. Ронанда ҳангоми ист фаромӯш карда буд, ки мошинашро дар тормузи дастӣ нигоҳ дорад, аз ин рӯ “Волга” ба дарё рафт.