Мошиндуздӣ дар Душанбе: кормандони милитсия ду ҷавонро дастгир карданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисорро, бо гумони ғайриқонунӣ рабудани мошин аз назди хонаи истиқоматӣ дастгир намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Кормандони вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон ду нафар ҷавонро дастгир намуданд, ки дар рабудани мошин дар шаҳри Душанбе айбдор мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

ВКД: мошиндуздӣ дар "Чимтеппа" ва ҳалокати як тифл дар Ҳамадонӣ

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят кардааст, ки рӯзи 18-уми декабри соли равон, тахминан соати чори шаб, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Ашка"-ро, ки арзишаш 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рабудаанд. 

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо гумони рабудани мошин ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир намуданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ВУД аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.