ВУД аз ошёнаи 4-ум афтидани марди 52-соларо шарҳ дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сарозер шудани марди 52-сола аз ошёнаи чоруми як бино дар шаҳри Панҷакентро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар пайи ин ҳодисаи маргбор, марди дигар, сокини 43-солаи шаҳри Панҷакент дастгир шуд, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам мешавад.

“Мерседес”-ро гирифту фурсати саворӣ нашуд: боздошти фармондеҳ Амиршо Раҳмонов

Манбаъ изҳор дошт, ки боздоштшуда шоми 14-уми декабр, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳии марди 52-сола нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, тахминан соати 21:00 байнашон муноқиша сар задааст.

“Дар натиҷаи муноқиша, марди 52-сола аз тирезаи айвони ҳамин хона, ки дар ошёнаи 4-ум мебошад, ба замин афтида,  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.