Рустам Назарзода масъалаи омӯзиши мутахассисони КҲФ ҶТ дар Русияро баррасӣ кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндаҳои Федератсияи Русия ҳамкориҳои ду кишварро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо Михаил Козлов, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин масъалаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии махсуси ВҲФ Русияро дар миён гузошт. 

Дар Душанбе бо ёрии Арабистони Саудӣ маркази нави КҲФ сохта шуд

Манбаъ зимни мулоқот таъкид намуда, ки густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба суди сокинон мебошад.

Рустам Назарзода ҳамкориҳои созандаву пурсамар миёни Русия ва Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро махсус қайд намуда аз ҷониби Русия барои дистгирии ҳамешагӣ дар тӯли солиҳои дароз изҳори сипос намудааст.

Раиси Кумита зимни мулоқот махсусан қайд намудааст, ки бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо манфиатбахаш дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ моҳи октябри соли 2017 миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Федератсияи Русия Нақшаи ҳамкориҳои муштарак барои солҳои 2018-2019 имзо шуда буд.

КҲФ Тоҷикистон изҳороти Афғонистонро дар бораи Сарез рад кард

Ҳамчунин Рустам Назарзода, ба зарурати фаъол кардани созишномаи давлатӣ миёни Тоҷикистону ва Русия  дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид намуд.  

Дар ҳамин ҳол  Михаил Козлов иброз дошт, ки Русия ҳама тарҳҳо ва барномаҳои муштаракро дастгирӣ карда барои татбиқи амалии онҳо талош хоҳад кард.

“Ин барои таҳкими имконияҳои ду кишвар дар самти вокуниш ба ҳоалтҳои фавқулодда мусоидат мекунад”,-гуфт Михали Козлов.