Қиссаи ҷавони тоҷик аз пайвастшавӣ ба ДОИШ то "насиҳат"-ҳои Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ

Ба дасти ҳамаамон автомат дода, саф кашониданд. Марди чорпаҳлӯе пеш баромад, ки ба таёқе такя мекард. Ӯ аз мо даъват кард, ки бо кофирон ва бидъат мубориза барем. Маълум шуд, ки ин мард Гулмурод Ҳалимов будааст. Ӯ худро чун "муборизи дин" муаррифӣ карда, гуфт, ки дар ватан ҳама чиз дошт, аммо ба хотири ҷиҳод аз ҳама даст кашид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik, Азамат Шокиров. Ӯ дар хонаи холааш дар қишлоқи хурдакаки кӯҳие зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд волидонаш дар Хуҷанд хонаи калон доранд. Шуғлаш нигоҳубини дарахтону замини наздиҳавлигии холаи пиронсолаш аст, ҳарчанд соҳибкасб аст. Кӯшиш мекунад, ки аз хона наборояд. Телефон ва интернет надорад.

Номи ӯ Садриддин (иваз шудааст) аст ва ӯ яке аз ҷангиёни пешини гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ мамнӯъ дар Тоҷикистон) мебошад, ки мувофиқи моддаи 307 эзоҳи 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон авф шуда, аз Ироқ ба ватан баргаштааст.

Садриддин дар аввал ба мусоҳиба розӣ намешуд ва дар охир шарт гузошт, ки номашро ифшо накунем. Ӯ аввал кушоду равшан сӯҳбат намеркард, оҳиста ба гап даромад.

Дар Петербург барои ҷалб ба гурӯҳи “ДОИШ” муҳоҷирро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд

Муҳоҷирро бо ваъдаи пул ба ДОИШ ҷалб карданд

"Дар вилояти Маскав дар сохтмон кор мекардам. Гуфта наметавонам, ки ҳамааш осон буд. Аммо маошамонро дар вақташ мегирифтем. Қисме аз маошамро ба волидонам, ки нафақахӯр буданд, равон мекардам. Мушкилиҳо ҳамон вақт сар шуданд, ки мӯҳлати сабти номам ба анҷом расид", - мегӯяд вай.

Ҷавон, ки намехостааст ба Тоҷикистон баргардад  дар масҷид бо тоҷике шинос мешавад, ки ахирон барояш "кори хубе" пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай, ҷойи кор дар Туркия будаасту 1200 доллар дастмузд медодаанд.

"Пули ваъдагӣ чанд баробар аз маошам зиёд буд, барои ҳамин зуд розӣ шудам, ҳатто яке аз дӯстонамро низ даъват кардам. Ҷавон ба ҳардуямон билет харид ва гуфт, ки дӯстонаш дар фурудгоҳ моро пешвоз мегиранд", - афзуд Садриддин.

Онҳоро дар ҳақиқат дар Истамбул се ҷавони тоҷик пешвоз мегиранд ба манзиле мебаранд, ки дар он ду тоҷикистонӣ - сокинони шаҳри Кӯлоб низ қарор доштанд. Аз ҷавонон хоҳиш мекунанд, ки аз хона берун нашванд ва фардо ба ҷойи кор мераванд.

Онҳо якҷо намоз мехонанд, мизбонон хоҳиш мекунанд, ки субҳи дигар барвақттар хезанд ва омода шаванд.

"Ба назарам намозхонии онҳо каме фарқ дошт. Аммо ман аҳамият надодаам", - ба ёд меорад собиқ ҷангӣ.

Вазир дар бораи гуфтугӯ бо ошӯбгарони Хуҷанд ва ҷурми куштаҳо: беш аз нисф “ДОИШ”-ӣ буданд

Фиреб ва ДОИШ

Дар ҳақиқат субҳи дигар, соатҳои 6 ду ҷавони тоҷик бо микроавтобусе назди манзили иҷораи онҳо ҳозир мешаванд.  Онҳо ба Садриддин ва ҳамроҳонаш - дӯсташ ва ду ҷавони кӯлобӣ ҳушдор медиҳанд, ки роҳ дароз аст. Дар роҳ муҳоҷири тоҷик пурсон мешавад, ки кори ваъдагӣ чист. Онҳо посух мегӯянд, ки деҳқонист.

Садриддин ва дӯсташ ҳарду ҷавонони деҳотӣ буданд. Бо шунидани маоши хуб ва кори осон ҳардуро ҳам хоб мебарад. Онҳоро нисфирӯзӣ барои тановули хӯрок бедор мекунанд.

Автобус 6 соати дигар роҳ мегардад ва дар фарҷом  ба роҳи бефарше тоб хӯрда, меистад. Он ҷо макказори калоне будааст, ки дар канораш як хонача ҳам сохтаанд. Ба ҷавонон мегӯянд, минбаъд дар ҳамин хонача зиндагӣ мекунанд ва фардо бароятон кӯрпа ва дегу табақ меорем гӯён ба мошин нишаста мераванд.

Аммо худи шоми ҳамон рӯз мошини дигар назди макказор намоён мешавад. Ҷавонон фикр мекунанд, ки ҳамватанонашон омаданд. Дар мошин аз тоҷикон касе набуд. Дар он чанд ҷавони ришдарози автоматдор менишастанд. Садриддин ва ҳамроҳонашро аз хона бароварда ба зӯриӣ ба мошин мешинонанад.

"Онҳо ба забони русии шикаста сӯҳбат мекарданд.  Мо фаҳмидем, ки моро медуздиданд, аммо коре карда наметавонистем. Мегуфтем, ки барои кор омадем, аммо касе моро гӯш намекард", - ба ёд меорад Садриддин.

Зиндагӣ дар урдугоҳи ДОИШ - се марҳилаи ифротишавӣ

Ҷавононро ба анборе бурадаанд, ки дар ҳудуди Сурия будааст. Онҷо аз онҳо ҳуҷҷат ва телефонҳояшонро кашида гирифта, як ҷавонро, ки ӯ ҳам тоҷик будааст, роҳбар таъин кардаанд. Пас аз чанд рӯз шумораи ҷавонон ба 60 нафар расидааст, ки ҳамаашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд. Онҳоро ба автобусе шинонида ба ҷануб мебаранд. Онҷо шаҳри Мосули Ироқ будааст, ки урдугоҳи омодасозии ҷангиёни ДОИШ ҷой дода шудааст.

Ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан бар гардонида мешаванд

"Моро ба гурӯҳҳои 8-10 нафарӣ ҷудо карда,  дарси "исломи ҳақиқӣ" мегуфтанд. Дарсҳоро марди арабе мегузашт, ки онро роҳбарамон ба тоҷикӣ тарҷума мекард", - мегӯяд собиқ ҷангӣ.

Дарси "исломшиносӣ" як моҳи тӯл кашидааст. Ба ҷавонон аз урдугоҳ берун шудан мамнӯъ будааст. Ба гуфтаи Садриддин, ду ҷавони узбек, ки кӯшиши фирор кардаанд,  боздошт ва баргардонида шудаанд.

"Сари ҳардуро дар пеши чашми мо аз тан ҷудо карданд. Моро маҷбур барои тамошои эъдоми ваҳшиёнаи онҳо саф кашониданд", - мегӯяд вай.

Баъди анҷоми дарси динӣ, тамрини низомӣ оғоз шудааст. Инҷо ҳам "муаллим" як марди араб будааст. Ба ҷавонон дарси муомила бо силоҳро меомӯхтаанд (асосан бо автомати Калашников). Пас аз як моҳ "маҳорат"-и омӯхтаи ҷавонро дар машқгоҳе месанҷанд. Садриддин дар ҳамин ҷо Гулмурод Ҳалимовро мебинад.

"Ҳамаи мо дар даст автомат саф кашидем. Марди чорпаҳлӯе, ки ба тайоқе такя мекард, ба пеш баромад ва аз мо даъват кард, ки бо кофирон ва бидъат мубориза барем. Дертар фаҳмидам, ки вай Гулмурод Ҳалимов, собиқ қумандони ОМОН ва акнун вазири низомии ДОИШ будааст. Ӯ худро "муборизи дин" хонда, гуфт, ки аз баҳри мансабу молу чиз баромада, ҷиҳод мекунад", - ба ёд меорад собиқ ҷангӣ.

Пас аз анҷоми дарсҳо роҳбари онҳо ба дасти ҷавонон каме пул ва рухсатӣ додааст. Садриддин ба ивази он маблағ аз фурӯшандае дар бозор хоҳиш карда, ба волидонаш занг мезанад ва вазъияташро мефаҳмонад.

Онҳо ба КДАМ муроҷиат мекунанд ва Садриддинро ба ватан бармегардонанд.

"Ҳама устодони доишии мо мегуфтанд, ки танҳо онҳо мусалмони ҳақиқиянд. Аммо гуфтаҳои онҳо дурӯғ буд. Ман байни онҳо нашъамандон ва "бачабоз"-ҳоро низ дидам. Онҳо сахт бераҳм буданд. Ин ҷиҳод, яъне мубориза барои дин набуд, онҳо ҳама ҷинояткори ашаддӣ буданд", - гуфт дар анҷом Садриддин.

Sputnik Тоҷикистон наметавонад тамоми гуфтаҳои Садриддинро тасдиқ ё инкор кунад. Аммо дар ҳоле, ки ӯ авф шудааст, ӯ имконият пайдо кардааст, ки ҳаёташро аз нав оғоз кунад.