ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”, танҳо соли равон дар шаҳри Душанбе бар асоси фармоиши Ҳукумат 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.
“Бо мақсади босифат ба иҷро расонидани корҳо дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғу гулгаштҳо ва ҳавасмандгардонии бунёдкунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд, ки дар рӯзҳои охири соли равон ҷамъбаст гардид”, - иттилоъ додааст “Ховар”.
Манбаъ афзуд, ки имрӯз Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба 42 ғолиби дигари озмуни ҷумҳуриявӣ мукофот доданд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро, ки дар бунёди майдончаю боғу гулгаштҳо дар пойхтах саҳм гузоштаанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ кард.