ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 3+5 ва рӯзона +15+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +1+6 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.
Дар ҳҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм хоҳад шуд.