Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сазовори ҷоизаи БАОР гардид

Ин ҷоизаро мақоланавис ва хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Рубен Гарсия дарёфт кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Хабаргузорӣ ва радио Sputnik Тоҷикистон ҷоизаи Бонки тавсеъаи авросиёӣ дар озмуни "Ҳамгироии авросиёӣ ва рушду тавсеъа дар садаи XXI"-ро дарёфт кард.

Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро ду баробар коҳиш дод

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон ин ҷоизаро дар бахши "Беҳтарин хабарҳои мавзуъии хабаргузориҳо" дарёфт кард.

Маросими эъломи барандаҳои ин озмун дар Маскав дар чорчӯби Ҳамоиши расонаҳои ҳамагонии АврОсиё баргузор шуд. Ин ҷоизаро мақоланавис ва хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Рубен Гарсия дарёфт кард.

Ин ҷоизаро Рубен Гарсия барои мақолааш дар бораи дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дарёфт намудааст.

Дар ин озмун 348 мақола аз хабаргузориҳои кишварҳои узви Бонки тавсеъаи уросиёӣ дарёфту санҷида шуд. Озмунро шурое аз коршиносон доварӣ мекард.

БРА: суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон камтар мешавад

Бонки тавсеъаи АврОсиёӣ бунгоҳи молии байналмилалиест, ки Русия ва Қазоқистон дар соли 2006 барои пуштибонии молӣ аз тавсеъаи иқтисоди бозаргонӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии пойдори кишварҳои узв ва густариши равобити иқтисодиву бозаргонӣ миёни онҳо ташкил кардаанд.

Сармояи ойинномаии бонки мазкур 7 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳамакнун дар ин бонк кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв ҳастанд.