ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои ба кор таъмин кардани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи давлатӣ ташкил карда мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва вакилони парламети кишвар таҳияи кодекси маорифро ба анҷом мерасонанд.
“Дар ҳоли ҳозир кодекс тақрибан омода аст. Қарор аст, баъд аз қабули санади мазкур, барои ба кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи махсуси давлатӣ ташкил карда шавад”, - таъкид намудааст хадамоти матбуоти вазортаи маорифи Тоҷикистон.
Вазорат инчунин таъкид намудааст, ки баъд аз ба кор даромдани кодекси мазкур сифати маориф низ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.