Чемпионат дар Тошканд: Сабринаи 12-сола дар шоҳмоти фаврӣ мақоми дуюм гирифт

Сабрина Абророва, шоҳмотбози 12-солаи тоҷик, дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ дар навъи шоҳмоти фаврӣ ҷои дуюмро ишғол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати мазкур аз 16 то 23 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор гардида, Абророва бо дарёфти 5 хол аз 7 холи имконпазир ҷои дуюмро ишғол намуд.

Пирӯзии Муҳаммад Осимӣ дар сабқати шоҳмот дар Хуҷанд

“Дар чемпионат 300 шоҳмотбоз аз 11 кишвар иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар чемпионати мазкур инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов дар байни писарони то 14-сола сазовори ҷойи чорум гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, шоҳмотбози умедбахш мебошад.

Абророва соли гузашта бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Ботвинник дар Маскав, дар ду бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод, ки барои ҷавонтарин иштирокчӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб мерафт. Имсол дар 43-юм Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Батумии  Гурҷистон, Сабрина аз 11 холи имконпазир 6,5 хол ба даст овард, ки дар таърихи шоҳмоти Тоҷикистон миёни бонувон натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.