Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия марги муҳоҷири тоҷик дар идораи пулисро месанҷад

Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия таҳқиқи марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дар идораи пулиси Маскав зери назорат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шӯрои мазкур аз Раёсати умури дохилӣ ва додситонии Маскав таҳқиқи марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар идораи пулис талаб хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА Новости.

Муҳоҷир не, шаҳрванд шав: раванди нав дар сиёсати Русия

“Ҳамчун узви Шӯрои ҳифзи ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия, аз мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ талаб хоҳам кард, ки ҷой доштани зӯроварӣ ҳангоми боздошту бозпурсӣ ва зарурати расондани ёрии тиббиро таҳқиқ кунанд”, - изҳор доштааст Александр Брод, мудири бюрои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Маскав.

Александр Брод таъкид намудааст, ки ҳатто дар сурати муқобилият мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ ба худсарию сӯиистифода аз мақом надоранд.

Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар роҳзанӣ муттаҳам мешуд, ҳангоми бозпурсӣ дар идораи пулиси ноҳияи Вешняки фавтидаст.

Ҳодиса 21 ноябр рух дода, бар асоси фарзияи пешакӣ сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон, ки 38 сол доштааст, бемории қалб будааст.

Феълан тафтиши ин ҳодиса оғоз гардидааст. Мақомоти пулиси Маскав, даҳҳо муҳоҷир ба шумули шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистонро бо ҷалби воҳидҳои махсус, бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд.